Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>
 

БАҲОР МЕГУЗАРАД

Лаб аз тарона фурӯ баста мурғакони баҳор,
Намонда дар бағали офтоб нуру шарор.
Зи со
ҳилон бикунад мавҷи орамида фирор,
Азизи ман! Ту ку
ҷой, баҳор мегузарад,
Баҳор мегузарад.

Зи интизор ба ҷом омадам, намеоӣ,
Киро муяссарӣ, эй ки маро таманноӣ,
Хазон шудам зи ғамат, ту зи бахт осоӣ,
Вале дареғ ки бе ту баҳор мегузарад,
Баҳор мегузарад.

Туро дилест, ки нозам дар он намеғунҷад,
Се ҳарф дораму андар баён намеғунҷад,
Ба чашми равзанае осмон намеғунҷад,
Вале дареғ, ки бе ту баҳор мегузарад,
Баҳор мегузарад.

Чу дар бисоти ман аст ин замон каломи нарм,
Чу дар нигоҳи ман аст оҳари ҳарири шарм,
Ҳанӯз дар раги шеърам намурда хуни гарм,
Биё, ки умри азизи баҳор мегузарад,
Баҳор мегузарад.

 

 <<PREVIOUS

>HOME PAGE<

 NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev