Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>
 

ДАР ПАНОҲИ НИҲОЛИ БОДОМ

Рӯи хавли гарки гул истода бодом
Нозанини навраси симинаандом,
Бо тане нурофарин чун нуқраи хом.

Абри симинанд гулҳои сапедаш,
Дар сараш балки савор аст абри симин,
Балки бо ӯ ҳамканор аст абри симин.

Ларзад аз таҳрики густохонаи бод,
Аз хирому ларзаҳо резад гули ӯ,
Аз нафасҳои сабо резад гули ӯ.

Пур шавад аз мавҷи гул домони ҳавлӣ,
Суб
ҳгоҳон бод чун дарро бикӯбад,
Духтаре берун шавад, то гул бирӯбад.

Гул бирӯбад, бод сӯяш ҳамла орад,
Даст ёзад
ҷониби мӯи маҳинаш.
Гул занад бар кокули абрешиминаш.

Ғарқи гул, ғарқи таманноҳои ширин
Духтарак ҷӯяд паноҳи нахли симин
Дар ба
ҳори рӯшани ишқи нахустин.

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev