Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>
 

ЭЙ ДИЛ

Эй ту минои лаболаб аз шроб,
Дар шаробат тунд меҷӯшад ҳубоб.
Ё
туй оинаи абрии ман,
Кандар он ғунҷида акси офтоб.
О
қибат манзури кӣ ҳоҳӣ шудан,
Як гуна
ҳ нокарда аз баҳри савоб.

Эй зи нӯшат ширмастон бехабар,
Эй зи нешат заҳркомон дар ҳазар.
Умрҳо, эй кофари бегонакеш,
Ҷаҳд кардам, то бигардӣ хештар.
Моли кас ҳастӣ, дило, ку соҳибат,
Дар манӣ чанди дигар, чанди дигар.

Эй ту миное, ки кас бар лаб набурд,
Балки бар лаб бурду натавонист хӯрд.
Шаҳди заҳрин дорад ин соғар, к-аз он
Ё бибояд зиндатар шуд ё бимурд.
Шикваю шукрам бувад аз лутфи ҳақ,
К-ӯ маро бар ту, туро бар ман супурд.

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev